Манбаъ: "Муҳлати сабти симкортҳо дароз карда шуд"
     TJ RU EN
12:43 / 2024-11-16

Манбаъ: "Муҳлати сабти симкортҳо дароз карда шуд"

Манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки мӯҳлати сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав (палстикӣ) тамдид шудааст. Пештар ин муҳлат то 15-уми август муқаррар шуда буд.
Як манбаи боварбахш дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 14-уми август гуфт, муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаи нав дароз карда шуд. Ӯ гуфт, "ҳоло садҳо ҳазор симкорт ҳаст, ки бо шиносномаҳои нав ба қайд гирифта нашудааст. Мо ҳамаи онро наметавонем хомӯш кунем." Вале ин ҳамсӯҳбати мо дақиқан нагуфт, ки ин муҳлат то кай тамдид карда шудааст. Тибқи иттилои тасдиқномшуда, мақомот мӯҳлати сабтиноми симкортҳоро то ним соли дигар дароз кардаанд. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳам то ба ҳол дар ин бора маълумоте нашр накардаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон охири моҳи июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ба дастгоҳи иҷроияи президент нома фиристодаанд, ки муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи навро тамдид кунад. Зеро мақомот мегӯянд, аз моҳи феврали соли ҷорӣ то моҳи август қудрати онро надоштанд, ки ба беш аз 1 миллион нафар шиносномаи нав бидиҳанд. Пеш аз ин Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, "то 11-уми июл 1 миллиону 883 385 симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудааст. Мо наметавонем, беш аз як миллион нафар бигӯем, чун як нафар метавонад 2 ё 3 сим корт дошта бошад". Илҳом Атоев дақиқ нагуфт, чӣ қадар симкорти дигар бояд то моҳи август дубора сабти ном шавад, аммо гуфт, дар маҷмӯъ ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштариёни фаъол ҳастанд. Тибқи дастури ҳукумат, симкортҳоро фақат дар сурате ба номи соҳибаш дубора сабти ном мекунанд, ки корти ҳуввият дошта бошанд, на шиносномаҳои маъмулӣ, ки то соли 2014 ба мардум медоданд. Ҳоло бештар аз 3 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон шиносномаи маъмулӣ доранд. Бар асоси як қарори ҳукумат шаҳрвандони Тоҷикистон барои бақайдгирии симкортҳо бояд шиносномаи худро ба шиносномаи плостикии намунаи соли 2014 иваз кунанд. Даҳҳо ҳазор нафар натавонистанд то ин муддат шиносномаи худро иваз кунанд. Масъалаи табдили симкортҳо аз тирамоҳи соли гузашта як масъалаи бисёр доғ дар Тоҷикистон шуд. Мақомот он замон гуфтанд, барои таъмини амнияти миллӣ ва сӯистифода нашудани симкортҳо, бояд ҳамаи онҳоро аз нав ба номи соҳибонашон ва бо шиносномаҳои нав сабт кунанд. Вале бархе ҳукуматро ба он муттаҳам мекарданд, ки барои пур кардани будҷа ва пайдо кардани манбаи даромад, ин роҳро пеш гирифтааст. Ин гурӯҳ сабти номи дубораи симкорт бо шиносномаи навро зарур намедонанд ва зарбае ба кисаи худ меҳисобанд. https://www.centralasian.org/a/30110001.html?ltflags=mailer

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима